Мулоқоти Раиси Кумита бо Сафири Исроил дар Ӯзбекистон

21 октябри соли 2021 бо мақсади рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳолатҳои фавқулода ва пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекситон мулоқоти Раиси Кумита Р.Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Зехавит Бен Ҳиллел баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот Сарвари КҲФ меҳмони олиқадрро бо корҳои анҷомшуда дар самти идораи ҳолатҳои фавқулода дар кишвар, ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ дар ин самт ва офатҳои табии рухдода, корҳои анҷомшуда дар заминаи бартарафсозии паёмадҳои он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ, расонидани кумак ба офатдидагон нақл кард.

Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак  миёни ду кишвар оид ба вокуниш ба офатҳо, омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисони наҷотдиҳанда, расонидани кумакҳои техникӣ ва ғайраро баррасӣ карданд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Исроил дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон хонум Зехавит Бен Ҳиллел аз пазироии гарм изҳори сипос намуд ва ба талошҳои Ҳукумати кишвар ва фаъолиятҳои КҲФ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ баҳои баланд дод. 

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои изҳори умед карданд.

барчасп: