Чанд хабари кутоҳ аз КОВИД-19 дар олам

Шабонарӯзи гузашта дар Британияи Кабир 7742 ҳодисиа нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва шумори умумии гирифторон дар ин кишшвар ба 4 миллиону 573 ҳазору 419 нафар расид. Аз COVID-19 127 907 нафар фавтиданд.

Дар Юнон шабонарӯзи гузашта 400 гирифтори нав ба коронавирус сабти ном шуд ва шумори умумии беморони гирифтори SARS-CoV-2 ба 415 401 расид.

Ду дари бастаро дар пойтахт боз карданд

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ду маротиба бо даъвати шаҳрвандон барои боз кардани дарҳои баста дар нукоти мухталифи пойтахт рафтаву кумак кардаанд.

«Сабабҳо гуногунанд: бештар бо айби...

Пирӯзии дастаи волейболбозони КҲФ бар дастаи ВКХ. Ҳисоб: 2:1

11-уми июни соли 2021 дар толори варзиши Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии № 5 мусобиқаи волейбол баргузор шуд, ки дар он варзишкорони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тими Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сабқат карданд. Дар ин мусобиқа дастаи волейболбозони КҲФ ба ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Мулоқот бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и ноҳияи Вахш

15 июн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии зарардидагон ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиии рӯзи 11 май ба вуқӯъомада, дар деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон” бо сокинони зарардидаи деҳаҳои ноҳияи Вахш мулоқоти озоду самимӣ доир карданд.

Боздид аз ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматии зарардидиагон дар ноҳияи Вахш

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба ноҳияи Вахш ташриф оварданд.

Ҳадафи сафари Сарвари давлат ба ноҳияи Вахш шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаҳои зарардидаи ноҳия мебошад.

Страницы