Қисми навбатдорӣ хабар медиҳад: Имдодгарон дарахти афтода болои як бомро бардоштанд, дари бастаи оҳаниро кушоданд ва мушкили сокинонро осон карданд

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  дар шабонарӯзи гузашта дарахти уфтодаро бардоштанд ва хатари болои боми хонаро бартараф намуданд ва як дари бастаро ҳам боз кардаву мушкили соҳиби онро осон намуданд.

 

COVID-19: Ниқобро чӣ гуна бояд пӯшид? Ҷаримабандиҳои бесобиқаи вайронкунандагони қоидаҳои беҳдоштӣ дар Москав: аз 500 то 1 миллион рубл

Ниқобро бояд аз кадом тараф пӯшид? Дар ҳоле, ки намепӯшед, онро бояд куҷо гузоред? Ҳар гуна ниқоб беҳтар аз бениқоб будан аст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки доим як ниқобро такрор ба такрор напӯшед ва қоидаҳои истифода аз ниқобро донед.

Ниқобро бояд тибқи дастури он пӯшед ва ин ба рангу намуди он вобаста нест. Тарафи тозаи он бояд ба рӯй часпида...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Эҳтиёт кунед, сардиҳои аввал

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 6-уми октябри соли 2020 дар ноҳияҳои наздикӯҳии кишвар сардиҳои аввалини сол мушоҳа хоҳад шуд. Болои хок дамои ҳаво аз  – 0 до - 4°С сард мешавад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ ба аҳолии ин ноҳияҳо муроҷиат...

Covid-19 то 2 октябри соли 2020. Омори рӯ ба афзоиши тадриҷии сироят ва марг бар асари коронавирус дар Тоҷикистон

Субҳи имрӯз шумори мубталоён ба коронавиурус КОВИД-19 дар олам 34 миллиону 494 ҳазору 967 нафар эълон шуд. Шумори гирифторон дар ҷаҳон дар шабонарӯзи гузашта 97 ҳазору 671 нафр афзуд.  Ҳамзамон бо ин хабар дода шуд, ки дар як шабонарӯз дар кулли кишварҳои олам бар асари коронавирус 5 ҳазору 418 ҷон доданд. Омори расонишуда аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон шаҳодат аз он медиҳад,

ФАВРӢ: Президенти ИМА Доналд Тромп ва ҳамсараш Мелани мубтало ба коронавирус шуданд.

Президенти ИМА Доналд Тромп ва ҳамсараш Мелани мубтало ба коронавирус шуданд. Аз ин пештар мақомоти тандурустии ин кишвар ёвари Президентро гирифтори вирус эълон карда буданд.  Тромп дар Твиттер навишт: “Имрӯз маълум шуд, ки бонуи аввал ва худи ман мубтало ба КОВИД-19 шудаем. Мо ҳоло худро карантин мекунем ва ҷиддан ба муолиҷа оғоз менамоем. Мо ҳамроҳ ин марҳилаи табобатро тай

Страницы