Covid-19 дар олам: Фаронса даҳҳо мактабро ба сабаби сирояти атфол баст. Дар ИМА шумори сироятшудагон ба 7 миллион наздик мешавад

Маркази пандемияи КОВИД-19 ҳамоно қитъаи Амрикос, ҳам Амрикои Шимолӣ ва ҳам Ҷанубӣ. Ба ин беморӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то ба имрӯз беш аз 6,9 миллион нафар сироят шуданд ва қариб 200 ҳазор нафари онҳо фавтиданд. Ин кишвар дар сироят ба коронавирус дар ҷаҳон дар ҷойи аввал аст.

Дар Бразилия, ки ҳамоно дар Амрикои Ҷанубӣ...

Бунёди шаҳраки хайманишинон барои бунёдкорони маҷтамаи тиббӣ дар ноҳияи Қубодиён

Бо мақсади пешгирӣ аз густариши коронавирус ва расонидани ёриҳои тиббӣ дар доираи Муоҳадаи байнидавлатӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодийни вилояти Хатлон сохтмони маҷтамаи бисёрсоҳаи тиббӣ ва беморхонаи касалиҳои сироятӣ идома дорад.

Барои анҷоми корҳои сохтмон дар муҳлати муайяншуда

COVID -19: Эҳтимолан дар Фаронса баргузории тӯйҳо манъ шаванд. Кашфиёти олимони Калифорния коронавирус Sars-Cov-2-ро нобуд мекунад

Бегоҳии 15-уми сентябри соли ҷорӣ шумори гирифторони коронавирус КОВИД-19 дар олам  29 миллиону 386 ҳазору 502 эълон шуд. То кунун аз ин беморӣ дар саросари ҷаҳон 931 ҳазору 250 нафар фавтиданд, ки бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон 70 нафари онҳо ҳамватанони мо мебошанд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ афзоиши фавт ...

Аҳмад – махдуми Дониш, машҳур ба Аҳмади Калла. (таваллуд –1242 ҳиҷрӣ, вафот 1314).

Ҳарчанд тафсили тарҷумаи ҳоли адибон дар ин маҷмўи мақсад нест, дар бораи аҳволи баъзе ашхос аз бархе тафсилот гузир ҳам нест. Чунончи, Аҳмад–махдуми Дониш муллаққаб ба Аҳмади Калла шахсест, ки агар дар бораи адибон ҳеҷ гуна маълумот доданро илтизом намекардем ҳам, дар хусуси ин шахс пургўи карданро лозим медонистем. Бинобар ин дар ин хусус бар хилофи дастури илтизомкардашуда сатре чанд нигошта шавад...

Тадбирҳои зиддиуфунӣ дар вилояти Суғд

Аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва Бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» ҳамарӯза корҳои поккорӣ  бо истифода аз маводҳои безараргардонӣ идома доранд. Айни замон корҳои зиддиуфунӣ дар биноҳои истиқоматии баландошёнаи маҳаллаи 31-ум давом дорад.

Страницы