24% сироятшудагони нав дар Русия аломати маъмулии КОВИД-19 надоштанд. Дар Тоҷикистон шумори мубталоёни нав дар қиёс ба як рӯзи пеш 2 нафар афзудааст

Субҳи 25 сентябри соли 2020 шумори сироятшудагон ба КОВИД-19 дар ҷаҳон 32 миллиону 421 ҳазору 74 нафар эълон шуд. Дар як шабонарӯз дар саросари олам 91 ҳазору 714 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуданд. Аз оғоз то ба имрӯз дар олам аз коронавирус КОВИД-19 987 ҳазору 824 нафар ҷон бохтанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон теъдоди сироятшудагони навро 45 нафар эълон кард, ки дар қиёс ба як рӯзи пеш

Covid-19: Шабонарӯзи гузашта дар олам 2 ҳазору 731 нафар аз ин беморӣ фавтиданд, ки яке аз онҳо дар Тоҷикистон буд

Шумори гирифторони вируси корона дар олам аз марзи 32 миллион гузашта, ба 32 миллиону 101 ҳазору 60 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта 89 ҳазору 374 нафари дигар чун сироятшудаи нав ба Covid-19 ба қайд гирифта шудаанд.  Шабонарӯзи сипаришуда дар олам 2 ҳазору 731 нафар аз ин беморӣ фавтиданд ва шумори умумии ҷонбохтагон бар асари КОВИД-19 ба 982 ҳазору 20 нафар расидааст.

Саҳифаи нав: Қиссаҳои ҷуғрофӣ

Ин саҳифаро чунин унвон кардем. Ва шояд хонанда суол кунад, ки ҷуғрофия ба ҳолатҳои фавқулодда чӣ иртибот дорад? Посухашро дар ин як муқаддимаи мухтасар меорем. Як бахши муҳими ҷуғрофия кишваркушоиҳо буд, ки аксаран ба фоҷеаҳои гӯшношуниди башарӣ анҷом меёфтанд. Машҳуртарин кишваркушоёни олам фарҷоми фоҷеабор доштанд. Дар аксар ҳолатҳо мавҷи пурталотуми баҳру уқёнусу дарёҳо

Охирин хабарҳо аз Covid-19. Ҳукумати Тоҷикистон бо Москав шарту шароити дарёфти воксан зидди коронавирусро баррасӣ мекунад

23 сентябри соли 2020 дар саросари олам 31 миллиону 783 ҳазору 764 ҳодисаи сироят ба  коронавирус Covid-19 ба қайд гирифта шуд. Шумори нав сироятёфтагон дар як шабонарӯзи гузашта 106 ҳазору 456 нафар афзуд. Бар асари мубталоӣ ба коронавирус 975 ҳазору 471 фавтиданд. Шабонарӯзи гузашта дар олам аз коронавирус 2 ҳазору 818 нафар ҷони худро аз даст доданд. Бино ба ҳамин маълумот ҳоло дар кулли

Духтури тоҷики муқими Москав Абдуллоҳ Давлатов: Коронавирус авҷ мегирад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Чуноне, ки мутахассисон огоҳ мекарданд, бо омадани хазонрез паҳншавии коронавируси SARS-CoV-2 (COVID-19) аз нав шиддат мегирад. Гоҳ аз ину гоҳ аз он гӯшаи ҷаҳон хабари авҷи мавҷи аввал ва ё оғози мавҷи дуввуми Ковид-19 мерасад. Аз ҷумла дар Русия, ки ҳамватанони мо кам нестанд, шуюъи ин вируси маргзо зиёд шудааст. Ҳатто дар Маскав, ки чораҳои иҷтимоиву тандурустии пешгирӣ аз ин уфунӣ хеле хуб ба роҳ

Страницы