БУЗУРГТАРИН ОБШОРИ ОЛАМ – НИАГАРА; як бахши он ЯХПӮШ ШУД!

Сардиҳои шадид дар Амрикои Шимолӣ сабагори қисман ях бастани бузургтарин обшори олам Ниагара шуд. Навори видеоие, ки ахиран дар шабакаҳо гардон шуд,  нишон медиҳад, ки гардишгарон ба шавқ ин манзараро расм мегиранд. Дар яке аз ин наворҳо тирукамони хеле равшан ҳам чун як манзараи нодири табиат дида мешавад.

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам рӯ ба коҳиш меорад

Шабонарӯзи гузашта дар олам боз 164 ҳазору 45 нафар сироятшудагон ба вируси корона ба қайд гирифта шуданд. Шумори умумии олудашудагон ба ин вирус дар олам ба 112 миллиону 676 ҳазору 629 нафар расид. Аз ин беморӣ то кунун 2 миллиону 497 ҳазору 56 нафар ҷон бохтаанд. Теъдоди муолиҷашудагон 88 миллиону 263 ҳазору 391 нафар эълон шуд.

Ҳафт тарма дар қаламрави ВМКБ дар як рӯз. Роҳҳои баста боз шуданд. Талафоти ҷониву хисорат нест

23 феврали соли 2021дар қаламраи ноҳияҳои Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 7 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Душанбе барои муддате баста гардид.

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз дар километри 80-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд лағзиши тарма сабт шуд ва ин сабабгори...

Таҷлили 28-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар Раёсатҳои Кумита

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бахшида ба ифтихори 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Сардори Раёсат полковник Додиён Баҳром Одина табрикоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал...

COVID-19: Амико панҷ рӯз қурбониёни коронавирусро ёд мекунад

Дар ИМА  ба поси хотири 500 ҳазор фавтидагон аз  COVID-19 мотам эълон шуд. Президенти Амрико Ҷо Байден ба як қароре имзо гузошт, ки сокинони кишвар муддати панҷ рӯзи оянда хотири ҷонбохтагон аз коронавирусро пос хоҳанд дошт. Дар ин муддат дар саросари кишвар парчамҳо поин кашида мешаванд, сокинон аз гузаштаҳову қурбониёни корона ёд мекунанд.

Страницы