COVID-19: Шумори сироятшудагон дар Тоҷикистон аз 12 ҳазору 800 нафар гузашт. Дар олам гирифторон беш аз 74,5 миллион эълон шуд
Чоп шуд: 17/12/2020 | redaktor
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам ба 74 миллиону 534 ҳазору 317 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта бо 259 ҳазору 904 мубтало ба ин вирус шуданд. Бар асари ин беморӣ 1 миллиону 655 ҳазору 226 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ин замон дар бемористонҳои олам 107 ҳазору 525 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. Ин манбаъ шумори муолиҷашудагон дар оламро