Ҷаласа бо ширкати намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар асоси нақша чорабинии шӯрои бонувони Раёсати вилоят ҷаласа бо намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор шуд. Дар ҷаласа мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Истамбону Расулова ва бонувони хизматчии Раёсати вилоят ширкат карданд.

Ҷаласаро Раиси Шӯрои занони Раёсат майор Адолат Карамхудоева бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуда, рўзномаи ҷаласаро ба ҳозирин шинос намуд.

Сипас намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Истамбону Расулова дар бораи моҳияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26 январи соли 2021 баргузор гардида буд, инчунин оид ба “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030” маълумот дод.

Ҳамзамон дар мавриди баланд бардоштани маърифатнокии занону бонувон,  пӯшидани сару либоси миллӣ, ҷиҳати таълиму тарбияи насли наврас, бо машғулиятҳои забономўзиву илмомўзии саргарм намудани фарзандон, ҳидояти онҳо ба роҳи рост, дар ботину рӯҳияи фарзандон тарбия намудани пос доштани анъанаҳои ниёгон мисолҳо оварда, аз нуқтаҳои алоҳидаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мисолҳо овард.

Дар хотима миёни ширкаткунандагон табодули афкор сурат гирифт.

Ш.Бутаева, сардори бахши кор
бо ҷомеа
, лейтенанти калон.