COVID-19: Шумори сироятшудагон дар олам аз 38 миллион гузашт. Санҷиши воксани зидди КОВИД-19 дар Эрон баъди ду ҳафта оғоз мешавад
Чоп шуд: 13/10/2020 | admin
Шумори мубталоён ба коронавирус КОВИД-19 дар олам ба беш аз 38 миллион нафар (38 081 367 ) расид. Танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар кулли кишварҳои олам 93 ҳазору 968 нафар сироятшудагони нав ба қайд гирифта шуданд ва аз ин беморӣ 1 ҳазору 681 нафар фавтиданд. Теъдоди ҷонбохтагон ба коронавирус аз оғоз ба 1 086 017 нафар расид. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ошкор шудани боз 38 мубталои