Пирӯзии як тоҷикистонӣ дар мусобиқоти варзишии пуровоза

Курсанти соли дуюми Академияи ҳифзи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарабеки С. дар Чемпионати ҷаҳонии «World AGML championship 2020» ва Чемпионати Умумиросиягии Иттиҳоди ММА ширкат ва ҷойи якумро соҳиб шуд.

Аз номи роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наҷотбахши ояндаро ба ин пирӯзӣ муборакбод мекунем ва барояш ғалабаҳои навро хоҳонем!

барчасп: