КОВИД-19: Дар Хуҷанд фаъолияти марказҳои дилхӯшӣ манъ шуд
Чоп шуд: 23/10/2020 | admin
22 октябр дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти якчанд марказҳои дилхушӣ, аз ҷумла «Хваканта», «Опера», «Амнизия», «Парламент», «Шоми Суғд», «Очил», «Ёсуман», «Барбарос» манъ карда шуд. Қарори мазкур аз ҷониби сардухтури давлатии санитарӣ, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Таҳмина Усмонова баъд аз хулосаи маводи муоинашуда бароварда шуд.