Covid-19: Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз марги бештар аз 1 миллиону 737 ҳазор хабар дод

Шумори гирифторн ба коронавирус дар олам аз 79 (79 057 408 ) миллион гузашт. Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шабонарӯзи гузашта боз 206 ҳазору 346 сироятшудаи нав ва 4 ҳазору 497 фавтидаи нав ба қайд гирифта шудааст. Аз оғози ҳамагирӣ дар олам аз  Covid-19 1 миллиону 737 ҳазору 751 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ин манбаъ шумори шифоёфтагонро 55 миллиону 648 ҳазору 759 нафар эълон кард. Гуфта мешавад, ки ҳоло дар бемористонҳои олам 106 ҳазору 573 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шумори гирифторон ба вируси корона дар кишварро 13 071  нафар ва муолиҷашудагонро 12 536 (95,9%) нафар эълон намуд. 

Шабонарӯи гузашта дар Амрико 1 499, дар Мексика 816, дар Бразилия 583, дар Олмон 266 нафар аз КОВИД-19 ҷон бохтаанд.

Вазири тандурустии Британияи Кабир Мэтт Хэнкок эълон кард, ки дар ин кишвар боз як гунаи дигари кируси коронаро кашф карданд, ки аз Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ворид шудааст. То кунун ду ҳодисаи гиифторӣ ба коронавируси нав аз шахсони омада аз ҶАҶ ба қайд гирифта шудааст. Давлати Британия омодурафт миёни ду кишварро маҳдуд кардааст ва барои нав воридшудагон низоми карантин ҷорӣ кардааст. Ҳамчунин аз 26 декабри соли равон боз дар чандин минтақаи Британия, аз ҷумла дар шаҳри Лондон маҳдудятҳои карантинӣ шадидтар мешаванд. 

Садҳо шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷумлаи кормандони соҳаи тиб ва намояндагони касбу кори гуногун, ки ба ҳукумати Фаронса дар мубориза бо коронавирус ёрӣ расонданд, бо як низоми содакардашуда ҳуқуқӣ шаҳрвандӣ дарёфт мекуннад. 

Нашрияи Newsweek истинодан ба шахсони расмӣ хабар додааст, ки як корманди тиб, ки воксани зидди коронавируси ширкати Pfizer –ро ворид кардааст, мубталои аллергияи шадид шудааст. Манбаъ навиштааст, ки ин аввалин ҳодиса миёни бештар аз 30 000 эмшуда бо ин воксан дар шаҳри Ню-Йорк буд.