Анҷоми давраи омӯзишӣ барои 18 наҷотдиҳандаи ҷавон дар КҲФ. Ширкаткунандагон соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд (ВИДЕО)

Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими анҷоми давраи омӯзишӣ барои 18 нафар наҷотдиҳандагони ҷавон аз ҳамаи минтақаҳои кишвар баргузор шуд, ки дар он Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Валериу Кивер ширкат варзиданд.

Ҷаласаи сайёри шӯрои бонувони КҲФ дар Раёсати Хатлон

Дар Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  ҷаласаи сайёри Шӯрои занон баргузор гардид, ки дар он кормандони ҳам Раёсат ва ҳам тамоми  шӯъбаҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилояти Хатлон ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни мулоқот фаъолиятҳое, ки дар нӯҳ моҳи соли...

Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Марко Поло – аввалин сайёҳи аврупоӣ дар Осиё. Қиссаи машҳуртарин китоби олам, ки дар зиндон навишта шуд

Қубилайхон аслан намехост Полоро ҷавоб диҳад, то вай ба ватанаш баргардад. Аммо ҳодисае пеш омад, ки ба нафъи Марко Поло анҷомид. Шоҳдухтарони муғул ва Чинро Қубилай ба зании ҳокими Форс ваъда карда буд ва хонаводаи Полоро лозим омад, ки онҳоро раҳнамоӣ кунанд. Корвон бо тӯҳфаҳои гаронарзишро наметавонистанд бо роҳҳои хушкӣ фиристанд, чун хатар дошт ва имкон дошт ба ҳамлаи кӯчиён рӯ ба рӯ шавад.

Коронавирус: Мубаталоён дар олам аз 36 миллиону 754 ҳазор гузашт. Дар Қирғизистон 245 ва дар Тоҷикистон 42 сироятшудаи нав сабт шуд

Шумори сироятшудагон ба коронавирус дар олам субҳи имрӯз, ҷумъа, 9 октябр 36 миллиону 754 ҳазору 006 нафар эълон шуд.  Шабонарӯзи сипаришуда шумори сироятёфтагон дар олам боз 93 ҳазору 182 нафар афзуд.  Дар сабти мубталоёни нав кишварҳои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ дар ҷойи аввал ва Аврупо ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҷойи дуюм ва сеюм мебошанд. Зарфи як шабонарӯз дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ

Ҳавои сарду бодҳои тез. Борони водиҳову барфи баландкӯҳҳо. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттило медиҳад, ки то 12 октябри соли 2020 дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, шамол дар як сония аз 10 то 15 метр мевазад. Дар баъзе қисматҳои ҷумҳурӣ, бахусус дар водиҳо борон ва дар баландкӯҳҳо (баландтар аз 2000 метр) барфи тар меборад.

Страницы