Хабарҳои ин соат. Кашфи маводи тарканда дар Рашт. Навраси ғарқшуда дар канали Сталин ва...

Рӯзи 12 августи соли равон тақрибан соатҳои 16:00 дақиқа кормандони Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт ба Шуъбаи Кумита дар ноҳияи Рашт хабар доданд, ки  дар мазеъи маҳаллаи Сомониёни ноҳияи Рашт  дар умқи тақрибан 1 метр маводи нотаркида ба мушоҳида расид. Аз ҷониби афсарони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии

Мулоқоти генерал Назарзода бо сарварони ду созмони байналмилалии муқими кишвар

12 августи сол 2020 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенат Рустам Назарзода роҳбарони ду ташкилоти байналмилалии муқими кишварро ба ҳузур пазируфт. Дар аввал Сарвари КҲФ бо Директори дафтари Намояндагии Швейсария оид ба ҳамкориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Баррасии татбиқи системаи «DesInventar Sendai» дар як семинари онлайн барои кишварҳои Осиёи Марказӣ

Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳо дар ҳамкорӣ бо Хазинаи таҳқиқотии «CIMA» ва Маркази осиёии омодагиҳо ба офатҳо  (ADPC) аввалин семинари муқаддимавии онлайн барои кишварҳои Осиёи Марказиро баргузор набуд, ки ба системаи «DesInventar-Sendai» барои ҷамъоварии муттасил, ҳуҷҷатикунонӣ ва таҳлили маълумотҳо дар иртибот ба талафот бар асари офатҳо бахшида шуда буд.

Садамаи мошини боркаш дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб. Маълумоти иловагӣ. Панҷ расм аз ҷойи ҳодиса

Садамаи мошини боркаш, ки аз Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб равон буд, тақрибан соати 02 шаб иттифоқ афтод. Ҳамчуноне дар хабари аввал ҳам ишора рафт, садама дар километри 87-уми роҳи ёдшуда рух дод. Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи градании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ин мошин 28 тонна тахтаро ба Кӯлоб мебурд. Баногоҳ дар километри 87-ум дар қаламрави ноҳияи Данғара, ҷамоати Оқсу дучори садама шуд. Ронанда Хушвақ Абдуллоев беосеб аз мошин берун шудааст, аммо мусофири он Фаррух Абдуллоев дар дохили мошин мондааст.

Сел дар гармо. Беборон он аз куҷо меояд? Чаро Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки сокинон эҳтиёт кунанд?

Август маъмулан моҳи гарм аст, дар гузашта чунин буд, имрӯз ҳам чунин аст. Бахусус ин шабӯ рӯз мебинем, ки гармии он тоқатфарсотар аз солҳои пеш аст. Ва дирӯз, 11-август ҳодисае дар ноҳияи Лахш рӯй дод, ки дар сурати идомадору серобтар омадани сел ҳаҷми харобиҳо меафзуд. Тибқи  маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани дар ноҳияи Лахш тақрибан соати 13:20 дақиқа,

Страницы