Ҷаҳиши маргбор: Чаро ҷавони 25-сола дар оби дарёи Душанбе ғарқ шуд?
Чоп шуд: 09/07/2020 | redaktor
Як сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, ки аз баландии 5-6 метр худро ба оби дарёи Душанбе андохта буд, бар асари ба санги зери об бархӯрдани сараш ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи чоршанбе, 8-уми июли соли равон дар ҳудуди ноҳияи Сино, дар наздикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рух додааст.