Се дари баста боз шуд. Чаро сокинон беэҳтиётанд? Фаромӯшхотирӣ ё чизи дигар?

Қариб ҳар рӯз хабареву хабарҳое аз дарҳои ногаҳон басташуда мегирем. Сокинон берун мераванд ва қулфҳои автоматик баногаҳ маҳкам мешаванд, аммо калид дар хона. Шояд ин мусибате нест, вале агар дар хона тифле танҳо бошаду ба фалокате дучор ояд? Оё метавон ин мусибатро таҳаммул кард? Пас хуб нест, ки пеш аз он ки аз хона бароем, бадиққат бубинем, ки оё калид бо мост ва метавонем беосебу бемушкил ба манзили худ ворид шуд?

Танҳо дирӯз кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе се дари бастаро бо даъвати сокинон боз кардаанд. Аввал соати 14:09 бо даъвати як сокини кӯчаи Шамсӣ 65/2-и пойтахт рафтанд ва дари бастаи ӯро бо истифода аз таҷҳизоти махсус кушоданд.  

Сипас, хабари дигар соати 17:37 дақиқа аз як сокини кӯчаи Н.Қарабоев 15 расид, ки мегуфт дар баставу дар хона писари 12-солааш мондааст

Соати 20:59 даќиќаи рўзи 22 октябр бошад боз ҳам аз кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе сикони бинои 7 занг зад, ки дараш баставу ду фарзанди хурдсолаш, ки яке 5-сола ва дуюмӣ 3-сола аст, дар дохили хона мондаанд.  

Соати 21:21 даќиќаи Дастаи махсуси зудамали наљоти Раёсати Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи гражданї дар шањри Душанбе ба љои њодиса сафарбар шуда,дари хонаи шањрвандро кушода фарзандонашро ба дасти волидайн супориданд. 

О.Фахриддинзода