Ғолибони викторинаи радиоӣ соҳиби ҷоизаҳо шуданд

22 октябри соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони викторина бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид. Панҷ ғолиби озмун бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳои аҳолӣ, инчунин омӯзиши онҳо, КҲФ мунтазам дар байни ҳамаи табақаҳои аҳолӣ чорабиниҳои гуногуни оммавӣ мегузаронад. Бо назардошти вазъи эпидемиологӣ ва ба инобат гирифтани шаффофияти озмун, тасмим гирифта шуд, ки викторинаи навбатӣ баргузор карда шавад. Аз вақту соати оғози ин викторина 10 рӯз қабл дар ВАО хабар дода шуда буд.  

17 октябри соли 2020 дар радиои Ватан бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист викторинаи радиоӣ баргузор гардид. Ба шунавандагони радио дар низоми онлайн дар мавзӯи ҳолатҳои фавқулодда ва роҳҳои ҳалли онҳо саволҳо ироа шуданд.

Дар маросими эътои ҷоизаҳо намояндагони Агентии Оғохон оид ба муҳити зист кормандони КҲФ ширкат варзиданд.

Ғолибон ба роҳбарияти КҲФ ва Агенти ёдшудаи Оғохон барои ин қадршиносӣ ва роҳандозии ҳамин гуна як викторинаи шавқовар изҳори сипос карданд. Онҳо ҳамчунин ваъда доданд, ки таҷриба ва дониши худро дар соҳаи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ татбиқ хоҳанд кард.