Дар заминларзаи 4 июл манзили чанде аз сокинони Тоҷикобод як андоза осеб дидаанд

Комиссияи байниидоравии расидагӣ ба паёмадҳои зилзилаи рӯзи 4-уми июл муайян кард, ки бар асари ин ҳолати фавқулода 26 хонаи истиқоматӣ қисман зарар дида, ба 85 манзили сокинон дар деҳаҳои Ғанишоб, Сафедоб, Дараи Назараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об, рустоҳои Себистон, Ширинчашма, Сари Най ва Полезаки ҷамоати деҳоти Ширинчашма, деҳаи дараи Нушори ҷамоати Нушор ва рустоҳои Зарафшон ва Шаҳристони ҷамоати М.Шогадоев  каму беш зарар дидаанд.

Тафтиш нишон додааст, ки манзилҳои зарардида асосан солҳои 70 – 80 асри гузашта бидуни риояи меъёрҳо ва қоидаҳои хонасозӣ бунёд шуда будаанд ва сокинон барои сохтани онҳо асосан аз воситаҳои сохтмонии маҳаллӣ истифода кардаанд. 

Дар ин заминларза касе зарари ҷисмонӣ надид, ҳодисаи марги одамон низ ба қайд гирифта нашуд.

Дар айни замон масъалаи расонидани ёрии зарурӣ ба аҳолии зарардида ҳаллу фасл мешавад. 

Маврид ба ёдоварист, ки заминларза рӯзи 4-уми июли соли равон соати 14:52 дақиқа бо вақти Душанбе қаламрави кишварро такон дода буд. Маркази он 201 километрии шимолу шарқи пойтахти мамлакат дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод буд. Қувваи заминларза дар маркази он 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил медод.

Барои омӯзиши вазъ ва арзёбии зарари расида ба сокинон як гурӯҳи кории байниидоравӣ муташаккил аз намояндагон ва мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Академияи илмҳо, Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис шуд ва он аз 5 то 8-уми июли соли равон дар маҳалҳои аз заминҷунбӣ осебдидаи ноҳияи Тоҷикобод ҳолати бамаломадаро омӯхт. 

барчасп: