Медонам, ки пуштибоне ҳаст...

23 декабри соли 2018 ҳангоми гузаштан аз дарёи Вахш заврақи резиниямро об бурд.  Баъди чанде шино кардан, ба соҳил наздик шудам. Аз таъсири оби хунук ва  ҷараёни  тези  оби  дарё қувватамро аз даст дода, буттаеро, ки дар наздикии соҳил буд, маҳкам доштам. Дар баробари хунук будани оби дарё ва кам шудани қувваи бозувонам овозам низ хаста шуд. Доду фиғонам ба гӯше намерасид.

Амалиёти наҷот дар бинои инфиҷоршудаи Магнитогорск ба анҷом расид

Дар  бинои мунфаҷираи шаҳри Магнитогорски Русия, ки Тоҷикистон низ чаҳор фарзанди азизашро аз даст дод, корҳои ҷустуҷӯву кофтуков ба анҷом расиданд. Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ахиран эълон кард, ки воҳидҳои ин ниҳод ҳоло ба мақари аслии будубошашон бармегардад. Дар нишасти матбуотие ахиран баргузор шуд, муовини аввали  Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Русия генерал-полковники хизмати дохилӣ Александр Чуприян гуфт:

Консули Тоҷикистон дар Екатерингбург хабари ҳалокати Раҷабмоҳ Улфатова бо се кӯдакашро тайид кард

Сафар Сафаров-Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия гуфтааст, ки баъди кофтукови сешабонарӯзӣ ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Раҷабмоҳ Улфатова бо се ҷигарбанди хурдсолаш аз зери харобаҳои бинои фурӯрафта берун оварда шуд. Мақомот ин чаҳор ҷасадро шиносоӣ кардаанд ва ҳоло онҳо ба сардхона интиқол ёфтаанд.

Консули Тоҷикистон дар суҳбат бо радиои “Озодӣ” ин хабарро тайид кардааст ва бино ба гуфтаи ӯ падари ин фарзандон дар айни замон бо ҳоли вазнин ба бемористони Челябинск бистарист.  

Шумори ҳалокшудагон дар бинои фурӯрафтаи Магнитогорск ба 37 нафар расид

Ҷустуҷӯву кофтукови одамони зери бинои аз таркиш фурӯрафта дар шаҳри Магнитогорск идома дорад. То ҳол 43 нафар аз зери ғарами оҳану бетон ва деворҳои фурӯрафта берун оварда шудаанд ва як шаҳрванди Тоҷикистон низ зинда аз ин бино берун шудааст. Кофтукови чор шаҳрванди кишвар ҳамоно идома дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарфи ду рӯзи охир бо Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия дар вилояти Челябинск дар иртиботи ҳамешагӣ қарор дорад. Ва дар сурати дарёфти хабар фавран иттилоъ хоҳад дод.

Теъдоди ҳалокшудагони фоҷеаи Магнитогорск ба 19 нафар расид. Сарнавишти чаҳор ҳамватани мо номаълум

Аз зери вайронаҳои хонаи фурӯрафта бар асари таркиши газ дар Магнитогорск 19 ҷасадро берун оварданд. Дар ин бора “Интерфакс” истинодан ба манбаъҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия хабар дод.

Ҳамчуноне хабар дода будем, ин хона шаби 31-уми декабр бар асари инфиҷори таҷҳизоти газӣ ба харобазор табдил

Страницы