Имрӯзу дирӯзи парчами миллӣ
Чоп шуд: 22/11/2019 | redaktor
Бостоншиносон собит менамоянд, ки парчам аз аҳди қадим яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон маҳсуб меёфт.Ҳанўз дар даврони гузашта рушди рамзи ливоҳо ва такмилёбии унсурҳои он ба тақвиятёбии корҳои ҷангӣ мусоидат менамуданд. Ливо аслан дар муборизаҳо мавқеи лашкар ва ё макони ҷойгиршавии пешвоҳои ҷангиро ифода мекард. Ба даст давровардани ливои душман одатан маънии рақибро аз лиҳози маънавӣ шикаст додан, аз даст рафтани ливо ифодагари марги сарвар ва ё асир уфтодани ӯро дошт.