Ахбори рӯз

Суҳбати наврӯзӣ дар Раёсати Суғд

 Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд вобаста ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба баргузории Иди байналмилалии Навруз дар Кумита ва сохторҳои он рӯзи 19 марти соли 2025 вохурии судманд баргузор кард.

Мулоқоти сарвари Кумита бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо

19 -  уми марти соли 2025 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҷаноби Филипп Жефруа – менеджери калони барномаи Иттиҳоди Аврупо ва коршиноси технологияи навро ба ҳузур пазируфт.

Ҳалокати як ҷавони 27-сола, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ чоҳ мекофт

18-уми марти соли 2025 соати 13:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки ҳангоми барои пайдо кардани оби ошомиданӣ чоҳ кофтан як сокини 27-солаи деҳаи Сафари ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар умқи панҷ метр зери хок мондааст.

Машғулият барои шахсони имконияташон маҳдуд

Ҷиҳати омода намудани шахсони имконияташон маҳдуд ба ҳолатҳои фавқулода ва чи тарз амал намудан дар ин ҳолатҳо аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ «Мактаб-интернати № 5 барои кўдакони  имкониятошон  маҳдуд» ва Муассисаи давлатии «МД маркази оила ва кўдак №1» дар давоми моҳи март бо мурабиён ва тарбиягирандагон машгулиятҳо гузаронид.

Паёмадҳои сел дар Кӯлоб бартараф мешавад

Сели гузашта дар минтақаҳои ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб ба хоҷагиву ҳавлиҳои мардум зарар расонд, роҳҳоро аз лойу регу шағал пур кард. Барои бартараф кардани оқибатҳои сел то кунун корҳои зерин анҷом дода шуданд.

 Дар  ҷамоати  деҳоти  Зиракӣ  бо  ҷалби  3 адад (мехлопата) 3 адад Мошин Дулан, 3 адад экскаватор канали обпартои  деҳаи  Сангпар  ва Офтоблиқо ба масофаи  120  метр аз  сангу  шағал  тоза  карда  шудаст. 

Ҳамзамон  обу  лойқа ва сангу  шағале, ки ба шоҳроҳи  ҷумҳуриявии Кӯлоб - Муъминобод  дар  минтақаҳои  деҳаи  Сангпар  ва Офтоблиқоро баста буданд, тоза  карда  шудаанд. Бо ҷалби  3 адад  автомошинаи  махсуси оташнишони  роҳҳои  дохилии  ҷамоати деҳоти Зиракӣ аз  обу  лойқа  тоза карда шуданд.

Страницы