Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз садама дар лӯлаи об дар пойтахт хабар дод, ки боиси марги ду корманди КВД обу корези пойтахт шудааст.
Ин ҳодиса рӯзи 13-уми сентябр соати тахминан 12:22 дақиқа рух додааст. Дар хабар гуфта шудааст, ки бар асари садама дар системаи лӯлаи оби ошомиданӣ дар кӯчаи Айнӣ 126, гардиши маҳаллаи Мирзобек, 2 нафар кормандони КВД обу корези шаҳри Душанбе ба ҳалокат расиданд.
Ин ду нафар ба хотири рафъи мушкили пешомада ба ҷоҳ дохил шудаву аз он берун наёмаданд.
Бо дарёфти хабари мазкур наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 13:25 дақиқа ҷасади шаҳрвандони фавтидаро берун оварданд.
Яке аз ҳалокшудагон як сокини 58-солаи маҳаллаи Оқтоқи ноҳия Рӯдакӣ ва дуюмӣ сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе буда, 30 сол доштааст.
Ҷасади ҳалокшудагонро барои ташхиси сабаби марги онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори таслият ба хонаводаи ҳалокшудагон аз шаҳрвандон бо эҳтиром хоҳиш мекунад ҳангоми вуруд ба чоҳҳои об қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.