Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз инфиҷори баллони гази моеъ хабар дод, ки боиси ҷароҳат бардоштани як нафар шудааст.
Ин ҳодиса 14-уми сентябри соли 2025, соати 10:00 дақиқа дар ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷабор Расулов рух додааст.
Гуфта мешавад, ки дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Самадов Меҳроҷ, бо сабабҳои номаълум баллони гази моеъ таркидааст.
Дар натиҷа як сокини 13-солаи ин хона ҷароҳат бардоштааст ва ҳоло дар бемористон таҳти назорати духтурон қарор дорад.
Мақомот сабаби инфиҷорро муайян мекунанд.