Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои пурчангу ғубор дар кишвар. ТАВСИЯҲО. Чӣ бояд кард?

Комитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 5-уми июли соли равон дар баъзе ноҳияҳои ҷануби мамлакат ва навоҳии тобеъи марказ шамоли сахт дар назар дошта шудааст. Бод бо суръати 12-15 метр дар як сония мевазад ва ҳамзамон эҳтимоли ба вуҷуд омадани хокбориш вуҷуд дорад.

Да ҳамин иртибот Комитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад ба касоне бештар таваҷҷуш кунанд, ки аз бемориҳои дилу раг, диебети қанд ранҷ мебаранд. 

ДАР ИН ГУНА ҲОЛАТ ЧӢ БОЯД КАРД?

Ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву гардишгарон бояд дар ин гуна рӯзҳои пурчанг суръати ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд, техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳҳӣ, саҳроҳои дом анфарохро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд аст.

Чанд тавсия ба аҳолӣ барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар чунин ҳолатҳо:

1. Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.

2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешавад.  Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин модаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.

3. Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.

4. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд. 

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:

- дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;

- ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошем; 

- агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода ба телефони 112 ва ё дар қисми

навбатдории КҲФ:

223-13-11;

93 880 28 19.

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:

225-44-73;

225-44-76; 225-44-90.

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:

(83139) 2-60-74, 2-60-45.

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:

(83222) 2-35-05;

2-78-28.

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб:

(83322) 2-36-60;

2-34-73.

Раёсати КҲФ дар ВМКБ:

(83522) 2-40-57;

2-53-47.

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:

(83422) 6-58-72;

5-15-55.

ЗАНГ ЗАНЕД!

барчасп: