Санҷиши ҳолати қабул дар ду лагери тобистона

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 1-уми июли соли 2022 ҳолати беҳдоштӣ, тайёрӣ ба қабули кўдакону наврасонро дар лагерҳои истироҳатию фароғатии беруназшаҳрии «Гулхан»-и ноҳияи Сино ва «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ санҷид.

Аз ҷониби намояндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ва Дастаи махсуси зудамали наҷот бо кўдакону наврасон ва кормандони истироҳатгоҳои мазкур машғулиятҳо ва корҳои таблиғотӣ гузаронида шуданд.

Аз ҷумла, бо бачаҳо дар бораи риояи қоидаҳои бехатарии оббозӣ суҳбат гузаронида шуда, мураббиёнро дар мавриди таъмини амнияту бехатарии атфол ҳангоми аз ҷойе ба ҷойи дигари легерҳо бурдан огоҳ намуданд. Ба мураббиён гуфта шуд, ки дар ин гуна ҳолатҳои бояд чӣ кор кунанд.

Ҳамчунин дар чорабиниҳо дар мавриди кумакҳои аввалияи тиббӣ ба ниёзмандони эҳтимолӣ сухан рафт. 

Маврид ба зикр аст, ки тафреҳгоҳҳои ёдшуда дар ҳолати хуби беҳдоштӣ қарор дошта, маъмурияти он аз қабл барои қабул лагерҳоро омода кардаанд.

Ҳангоми чорабиниҳо ба ширкаткунандагон буклету ёддоштҳо дар мавриди риояи қоидаҳои бехатарӣ тақсим карда шуд.