Ахбори рӯз

Пайдо шудани ду ҷасад дар обҳои кишвар. Яке дар Душанбе, дигаре дар Панҷекат

Шоми рӯзи 28-уми январи соли 2022, дақиқан соати 19:50 дақиқа    навбатдори  КВД «Обу корези шаҳри Душанбе»  хабар дод, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар дохили канали  дереватсионии “Варзоб” шафати ҳавзҳои танзимкунандаи корхона ҷасади шахсияташ номаълум намудор аст.

Соати 19:54 дақиқа Дастаи махсуси зудамалӣ наҷоти Раёсати

Роҳандозии корҳои таблиғотии муштарак миёни ронандаҳои таксӣ

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бозрасии давлатии автомобилии ВКД бо мақсади бартараф намудани сабабҳои ба садама алоқаманд ва беҳтар намудани бехатарии ҳаракат дар роҳ, махсусан ҳангоми истифода аз роҳҳои ағба ва кӯҳӣ дар байни ронандагони таксиҳои шахсӣ корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ намуданд.

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе. Санҷиши манотиқи осебпазир дар остонаи баҳор

Ҳамасола пеш аз мавсими бориши боронҳои шадиди баҳорӣ минтақаҳои осебпазир дар қаламрави ноҳияҳои шаҳри Душанбе санҷида мешаванд ва барои рафъи камбудиҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Дар моҳи январи солӣ ҷори якҷо бо намояндагони шуъба ва бахшҳои ноҳиявӣ ва Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита, (тибки баҳои визуалӣ) минтақаҳои зерин тафтиш шудаву ҳолаташон санҷида шуд:

Заминларза дар кишвар. Бе талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар

Тибқи маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷумҳурӣ имрӯз, 27 январи соли 2022 тахминан соати 16:22 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

 Маркази зилзила 30 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе буд.

Дарсҳо барои мураббиён аз ҳисоби кормандони КҲФ

Аз 26 то 28 январи соли 2022 дар доираи татбиқи минбаъдаи Лоиҳаи миллии идораи хавфи офатҳои табиӣ, инчунин бо мақсади баланд бардоштани дониши кормандони КҲФ курси серӯзаи минтақавии омӯзишии омӯзгорон (тренерҳо) оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид, ки дар он 13 нафар аз воҳидҳои гуногуни КҲФ ширкат намуданд.

Страницы