Ахбори рӯз

Ҳалокати як ва захмӣ шудани чор нафар дар як садама дар роҳи Душанбе Варзоб

Дар як садамаи мошин дар роҳи Душанбе – Варзоб як нафар ҳалок шуд ва чор тани дигар бо ҷароҳатҳо бистарӣ шуданд. Ронандагон ҳамоно қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя намекунанд ва сабабгори садамаҳои марговар мешаванд.

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони КҲФ паёмадҳои ҳодисаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе – Варзобро бартараф намуданд.

Омӯзиши мудофиаи гражданӣ дар Раёсати Суғд

Рӯзҳои 25-26 январи соли 2022 бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, инчунин Нақшаи Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 давраи омӯзишии дурӯза баргузор шуд.

Дар ин давраи омӯзишӣ 20 нафар муовинони...

Ҳушдори КҲФ аз барфу боронҳои рӯзҳои 28-29-уми январ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 28-29 январи соли 2022 дар қаламравӣ ҷумҳурӣ дамои ҳаво поён рафта, борону барф м еборад, дар баландкӯҳҳо (болотар аз 2000 м) барфи шадид дар назар дошта шудааст. Аз 29 то 31 январи соли равон дар баъзе ноҳияҳои туман ҳаворо тира мекунад.

Сангрезӣ дар Рӯшон. Роҳи Рӯшон-Бартанг муваққатан баста аст

Боришоти шадид дар манотиқи кӯҳистонии кишвар ва гарм шудани рӯзҳои ахир хатари лағзиши тарма ва резиши сангро бештар кардааст. Вазъ дар шоҳроҳҳои Душанбе-Рашт-Лахш, Душанбе-Варзоб-Хуҷанд, Кӯлоб-Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб хатарнок боқӣ мемонад.

Чунончӣ, 25 январи соли 2022, соати 16:30 ба вақти...

Садамаи мошинҳо дар роҳи Хуҷанд-Масчо. Се узви як оила ҳалок шуданд

Дар садамаи ду мошин дар роҳи Хуҷанд – Масчо се узви як оила ба ҳалокат расиданд. Сабаби садама маълум нест. Ба эҳтимоли зиёд як сабаб боло будани суръати ҳаракати яке аз ин мошинҳо бошад. Имдодгарони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд дар рафъи паёмадҳои ин ҳодиса ширкат карданд

24 январи соли 2022 тахминан соати  17:10 дар роҳи Хуҷанд – Масчо...

Страницы