Ахбори рӯз

Заминларза дар Тоҷикистон. Бе талафоти ҷониву хисороти дигар

Рӯзи 25 январи соли 2022, соати 06:41 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Бино ба гузориши Институти геологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон маркази ин заминларза 44 километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт дар 103 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 3-4 балл ва дар ноҳияи Рашт 2-3 балл буд.

Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Боми хонаҳои худро сари вақт аз барф тоза кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон тавсия медиҳад, ки ба боми хонаҳои худ таваҷҷуҳ кунанд. Сокинони шаҳру деҳот бояд сари вақт боми хонаҳои худро аз барф тоза кунанд, хасу хасрӯбаҳое, ки шамол овардааст, низ аз резишгоҳи об берун намоянд. Ба ин роҳ надиҳанд, ки барфи обшуда шабонгаҳон ях бандад ва шушаи бомгӯшаҳо одамонро ҷароҳатдор кунанд.

Баргузории ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллӣ дар КҲФ

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ ҷаласаи доимамалкунандаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд.

Ин ҷаласа таҳти роҳбарии сарвари Сарраёсати Кумита, котиби масъули Платформаи миллӣ поковник Ҷамшед Камолов доир гардид.

Ҳалокати се нафар дар як садамаи мошин дар роҳи Хуҷанд – Конибодом

Рӯзи гузашта, 20-уми январи соли 2022 тахминан соатҳои 07:30 дақиқа дар 33-юм километри шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом садамаи нақлиётӣ ба амал омад. Автомашинаи тамғаи Mercedes Benz, ки аз ҷониби як шаҳрванди 28-солаи ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара идора мешуд ва ба самти Хуҷанд равона буд, ба мошини тамғаи  Mercedes Benz бархӯрд. Ин мошинро истиқоматкунандаи 39-солаи шаҳри Бӯстон идора мекард.

Машғулиятҳои мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои  шахсони масъули мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар машғулиятҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ оғоз шуданд, ки қарор аст то 21 январ идома кунанд. Ҳадаф аз роҳандозии ин машғулиятҳо омӯзиш...

Страницы