Ахбори рӯз

Вазъ дар субҳи 12-уми майи соли 2021. Селҳои азим сабабгори харобиҳо ва талафоти ҷонӣ шуданд (ВИДЕО)

Бино ба маълумоти субҳи рӯзи 12-уми майи соли 2021 дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қаламрави як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ омадани сел ба қайд гирифта шуд, ки мутаассифона талафоти ҷонӣ доштанд.  Бар асари ин офати табиӣ хонаҳои истиқоматии сокинон, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои кишт зарар диданд, иншоотҳои ёрирасон хароб шуданд, ҳамчунин роҳҳои мошингард

Маълумоти пешакӣ оид ба оқибатҳои омадани сел

Дар натиҷаи боришоти боронҳои  пай дар  пайи  санаи 11 майи соли  2021 дар  як  қатор  ноҳияҳои  вилояти Хатлон  ва ноҳияҳои тобеи марказ сел  омад, ки дар натиҷа ба  ҳалокати  одамон,  вайроншавии манзили истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард  оварда  расонид.

Мувофиқи  маълумотҳои  пешакӣ дар  ноҳияи Шамсиддин  Шоҳин 3  нафар  шаҳрвандон,  ки...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Боронҳои пуршиддат ва селовар то 14-уми май идома мекунанд!

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 14-уми моҳи майи соли равон дар қаламрави кишвар боронҳои шадид идома хоҳанд кард. Дар баъзе минтақаҳо раъду барқ мешавад, жола меборад. Дар натиҷаи ин боришҳо омадани сел дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеъи марказ эҳтимол дорад.

Дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу, Вахш (Сурхоб)...

Паёмадҳои сели рӯзи 6-уми май дар Ашт бартараф мешаванд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар дод, ки барои бартараф намудани паёмадҳои сел аз таърихи 6-уми майи соли равон дар ноҳияи Ашт корҳои зерин ба анҷом расонида шуданд:

-дар ҷамоати деҳоти Ашт хатар масоҳати 900 метр селроҳа бо ҷалби 4 адад техника ва истифодаи қуму шағал бартараф

Хабари такондиҳандаи марги ду нафар дар об. Яке зани баркамолу худкушӣ кард ва дигаре писари 8-сола, ки ғарқ шуд

Дар бораи марги ду нафар дар обҳои кишвар гузориш расид. Бино ба маълумоти сардори Бахши Кумита дар ноҳияи Сангвор рӯзи 10-уми майи соли ҷорӣ як бонуи 44-сола, сокини деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳия ба қасди худкушӣ худро дар оби дарёи Хингоб сарозер кард. Хешовандонаш гуфтаанд, ки бемории рӯҳӣ дошт. Вале сабаби аслии даст ба ин иқдом задани ӯ маълум нест.

Страницы