Дар КҲФ ба созмонҳои байналмилалӣ сипосномаҳо супорида шуд

29 июни соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ маросими супоридани сипосномаҳо ба 15 роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар мамлакати мо аккредитатсия шудаанд.

Зимни вохурӣ муовини аввали Раиси Кумита полковник Латифзода Ҳ., ба ҳозирин барои иштироки фаъолонаашон дар рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки баҳори соли 2021 дар қаламрави кишвари мо рух дод, миннатдории роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаро расонид.

Ба Роҳбарони БРСММ, Хазинаи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, Барномаи озуқавории умумиҷаҳонии СММ, САҲА, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Агентии Оғохон оид ба макони зист, Кумитаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Лоиҳаи Миллии КҲФ ва БОР дар идоракунии офатҳои табиӣ сипосномаҳо супорида шуд.

Дар баромади худ муовини Раиси Кумита полковник Латифзода Ҳ, бори дигар миннатдориро ба шарикони байналмилалӣ изҳор намуда, қайд кард, ки тамоми корҳои анҷомдодашуда ба аҳолии зарардида равона карда шуда буд, ки он бешубҳа барои наҷоти ҳаёти  одамон ва аз нав барқарорсозии  арзишҳои моддии аҳолии ниёзманд мусоидат намуд.