Ёрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ятимони ноҳияи Шуғнон

Бо мақсади иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи расонидани кӯмаки моддӣ ба ятимон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат дар арафаи Соли нав, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 20 нафар ятимоне, ки дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ зиндагӣ мекунанд, кӯмак расонд.

Ба ҳар кадоме 500 сомонӣ ҷудо карда шуд, кумак аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳузури Роҳбари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнони ВМКБ Ҷумъазода Ҷ. ба ятимон расонида шуд.