Таҳлили як соли фаъолияти Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд​ ҷаласаи ҷамъбастии  Комиссияи ҳудудии ҳолатҳои фавқулоддаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид. Ҷаласаи корӣ бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азоёни Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии​ вилоят оид ба ҳолатҳои фавқулодда доир шуд.

Дар ҷаласаи корӣ муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Ҷамшед Маҳмадзода, муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, роҳбарият ва азоёни Комиссияи ҳудудии ҳолатҳои фавқулоддаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят,  муовинони раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳру ноҳияҳо, сардорони шӯъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят дар шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

Подполковник Холмаҳмад Холов - сардори шӯъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати вилоят, доир ба фаъолияти Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят дар соли 2020 дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Баъдан ҳисоботи сардори Шӯъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори шабакаҳои барқии вилоят Тӯра Атамов, сардори муассисаи назорати давлатии роҳҳои автомобилгарди вилоят Ҳоҷарой Латифӣ, Маъруф Ҳоҷибоев - муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят, сардори Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ вобаста ба омодагии ба мавсими зимистонгузаронӣ шунида шуд.

Ҷамшед Маҳмадзода - муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ бори дигар вазъро таҳлил намуд ва иброз дошт, ки Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд зарфи як сол дар бартараф намудани паёмадҳои офатҳои табиӣ корҳои зиёдеро анҷом дод. Бахусус, мубориза барои коҳиши сироят ба КОВИД-19 хеле муҳим буд.

Ҷамшед Маҳмадзода ҳамчунин дар бораи вазифаҳои Комиссия дар соли оянда муфассал ҳарф зад.

Дар поёни ҷаласа муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ зикр намуд,​ ки аз ҷониби Комиссияи ҳудудии ҳолатҳои фавқулоддаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят тамоми корҳои пешгирикунанда андешида шуда истодааст ва зери назорати доимии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қарор дода шудааст.

Анвар Яъқубӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириву пуштибониашон аз фаъолиятҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулода изҳори сипос намуд.

Шахзодабону Нуриддинзода