Лағзиши тарма дар роҳҳои Ванҷ ва Варзоб. Талафоте нест, касе зарар надидааст. Роҳҳо бозанд

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар километри 417 ва километри 64 ноҳияи Варзоб лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Ҳеч касе зарар надидааст. Барои рафъи паёмадҳои лағзиши тарма ва поксозии роҳҳо Хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт ва ширкати  «IRS» техникаи махсус ҷудо карданд ва ҳоло роҳҳо аз ду ҷониб бозанд.

Наҷотдиҳандагони гурӯҳҳои вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навбатдории шабонарӯзии худро идома медиҳанд. Ҳадаф таъмини амнияти ронандагон дар шоҳроҳҳо ва расонидани кӯмаки фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда мебошад.

Аммо ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, бинобар гарм шудани ҳаво дар рӯзҳои охир ва сипас боришот дар ноҳияҳои кӯҳӣ, хавфи лағзиши тарма ва фурӯ рехтани сангҳо вуҷуд дорад. Ғайр аз ин, дар қитъаҳои роҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб, хатари яхбандӣ ва афтиши ғарафи барф боқӣ мондааст.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез ва роҳҳои пурхатари кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Ҳамеша ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Ронандагон пеш аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ аз мақомоти марбута иттилои лозимиро дар мавриди вазъи роҳҳо бигиранд. Ҳангоми сафар  қоидаҳои бехатарӣ ва ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд. Риояи фосилаи байни мошинҳо ва суръати миёнаи ҳаракат гарави аслии бехатарист.

Эҳтиёткор бошед ва ҷони худу ҳамсафарони худро дар хатар наяндозед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар сурати рӯ ба рӯ шудан ба ин ё он ҳолати фавқулода ба телефонҳои 112 ё 93 880 28 19 занг занед.

барчасп: