Сӯхтори азим дар шаҳри бандарии Чилӣ даҳҳо хонаро ба коми худ кашид (ВИДЕО)

Бино ба охирин  гузоришҳо бар асари оташсӯзии густардаи ҷангалҳои шаҳри бандарии Валпараисо, ки севвумин шаҳри бузургиЧилӣ мебошад, ҳудудан 120 хона зери хатар қарор гирифтааст. Ин оташсӯзӣ боис шудааст, ки аксари мардум шаҳрро тарк кунанд. Гуфта меавад, ки сӯхтор ба маҳалли сукунати фақирони шаҳр кашида шудааст ва тамоми нерӯҳои оташнишонии шаҳр ба ин минтақа эъзом шудаанд. Дар бораи талафоти ҷонӣ то кунун ягон гузориш нарасидааст.

Вазиши шамоли сахт ва дамои боло боиси бадтар шудани авзоъ шудааст. Мақомоти шаҳр барои эҳтиёт аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохӯш интиқоли нерӯи барқро барои наздик ба 90 ҳазор нафар қатъ кардаанд.

Видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардон аст, аз даҳшату ваҳшати оташсӯзии азим ҳикоят мекунанд. Дида мешавад, ки мардум ба ҳар сӯ фирор мекунанд. Мошинҳои оташнишонӣ болои оташ об мепошанд, чархболҳо дар ҳаво низ дида мешаванд, ки барои хомӯш кардани сӯхтор ҷалб шудаанд.

Мақомот иллати ин оташсӯзии азимро ҳоло шарҳ надодаанд, аммо гуфта мешавад, ки як сабаби он шояд гармои шадид ва ҳавои хушк шуда бошад.