Activities calendar

03 июни 2020

56 дарсад мубталоёни коронавирус муолиҷа шудаанд. Истеҳсоли нӯшдоруи “Антиковид-19” оғоз шудааст

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки то соати 17:30-и  3 июн  дар  кишвар 4191 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус COVID-19 ошкор гардида, 56 дарсади онҳо (2347 нафар) шифо ёфтанд. Шумораи фавтидагон имрӯз 48 нафар эълон шуд.  Манбаъ ҳамчуни н гуфт, ки то кунун 1463 нафар таҳти назорати духтурон қарор доранд ва дар шабонарӯзи охир 321 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон ҷавоб дода

Омодагиҳо ба фасли гарм. Оё тафреҳгоҳҳои вилояти Суғд омодаанд истироҳаткунандагонро қабул кунанд?

Гарчанде тафреҳгоҳҳо ва иншооти хизматрасонии маишии назди соҳилӣ расман ба кор шўрўъ накардаанд, аммо табиист, ки оғози гармо ҳамагонро ба соҳили махзанҳои об мебарад. Тобистон, фасли гарми сол ва замони рухсатиҳои меҳнатиро аксари одамон мехоҳанд дар лаби наҳру каналу обанборҳо гузаронанд. Ҳоло агар биме аз сироят ба короновирус дар миён ҳаст, вале бо гузашти боз чанд муддат тадриҷан ин тарс ҳам фурӯ

Кумаки Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осебдидагони ноҳияҳои Хатлон ва Ваҳдат

Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мегӯяд илова ба кумакҳои ғайриғизоӣ, ки то кунун ба осебдидагони ноҳияи Хуросон тақсим шудааст, боз тасмим гирифтааст ба 72 оилае, ки хонаҳои худро дар ин ҳодисаи табиӣ пурра аз даст доданд, ба миқдори 150 франки швейтсарӣ (тибқи қурби расмии Бонки милии Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ дар санаи пардохт) ёрии яквақта расонад.

Поккориҳои рӯзи гузашта: шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд

Мубориза зидди коронавирус ҳамвора идома дорад. Духтурони қаҳрамон дар бемористонҳо ҷонбаркафанд, то ҳаёти гирифторон аз марг наҷот дода шавад. Ниҳодҳои дигар бо истифода аз ҳама воситаҳои имконпазир кӯчаву хиёбонҳо, идораву муассисаҳо, боғу гулгаштҳо, даромадгоҳи манзили истиқоматии шаҳрвандон, мошинҳо, роҳҳоро поккорӣ мекунад. Ҳамарӯза даҳҳо тона маҳлулҳои поксозанда барои...