Activities calendar

06 июни 2020

Хушбинии сарвари бемористони Ибни Сино аз ақибнишинии КОВИД-19 дар Тоҷикистон

Сарвари бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода аз он изҳори хушбинӣ мекунад, ки КОВИД-19 ақиб менишинад, шумори муроҷиати шаҳрвандон ба бемористонро шадидан коҳиш меёбад, талафоти ҷонӣ ба назар намерасад. Вай дар як навиштаи кутоҳ дар саҳифаи худ дар Фейсбук атрофи ин масъала изҳои назар кардааст, ки онро айнан меорем.
Ба назар мерасад, ки ҳақиқатан вирус ақибнишинӣ кард.

Тозаахбори ин соат. Боди харобкор дар Хатлон, поккориҳо дар Суғд ва шаҳри Душанбе

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва  мудофиаи гражданӣ дар вилояти  Хатлон рӯзи 5-уми июни соли 2020 тахминан соати 18:00 дақиқа дар натиҷаи вазидани шамоли сахт дар ҷамоати деҳоти Ҷиликул, деҳаи Бадахшон 3 адад симчӯби барқии 220 клв ва дар ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, деҳаи Москва 12 симчӯби ҳаҷмаш хурдтар, ки барои чароғакҳои роҳи оҳан қувваи барқ медод, чаппа шудааст.

Идомаи корҳои бартарафсозии паёмадҳои сел дар ноҳияи Хуросон. Рӯзи 5-уми июн

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дарвилояти Хатлон рӯзи 5-ми июни соли ҷорӣ барои бартараф сохтани оқибатҳои сел дар рустоҳои осебдидаи ноҳияи Хуросон корҳои зерин анҷом дода шуданд:

-  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ситоди...