Activities calendar

30 июни 2020

Ёрии Агентии Оғохон оид ба макони зист ба Раёсати Суғд

Дар ҳошияи ҳамкориҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо Агентии Оғохон оид ба макони зист рӯзи 26 июни соли 2020 бо мақсади омодагӣ ва мубориза бо бемории сироятии коронавирус Covid-19 ба Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд маводҳои зерин кумак намуд:

Ҷасади як ноболиғи дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ғарқшуда дар ноҳияи Шаҳритус пайдо шуд

Ҷасади як ноболиғе, ки ҳангоми оббозӣ дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ, дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуда буд, баъди се рӯзи ҷустуҷӯҳои пайваста билохира дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус пайдо шуд. Ҷасадро оби пурхӯрӯш дар қаламрави деҳаи Ленинободи ҷамоати деҳоти Худойназар Холматов ба соҳил партов кард ва моҳидорони минтақа ӯро пайдо намуданд.

Вазорати тандурустӣ мубталоён ба COVID-19 дар кишваро 5900 ва шифоёфтагон 4506 нафар эълон кард

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки шумори мубталоён ба коронавирус то шоми рӯзи 29 июни соли равон ба 5 ҳазору 900 нафар расид. Дар айни замон 264 нафар зери назорати духтурон қарор доранд ва рӯзи гузашта 58 нафар баъди муолиҷа ба хонаҳояшон ҷавоб шудаанд. Вазорат ҳамчунин хабар додааст, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ