Activities calendar

08 июни 2020

CОVID-19 – Тоҷикистон: Мубталоён 4609 нафар, шифоёфтагон 2763 ва фавтидагон 48 нафар

То соати 18:00 рӯзи 8 июн  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4609 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ба  қайд гирифта шуд ва аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2763 (60%) нафар шифо ёфтаанд. То имрӯз дар Тоҷикитсон бар асари коронавирус 48 нафар ҷони худро аз даст додаанд.  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо пахши ин хабар ҳамчунин иттилоъ дод, ки  то 8 июни соли равон дар мамлакат...

Наваскарони қисмҳои ҳарбии Кумита савганд ёд карданд

Дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наваскарон савганди ҳарбӣ ёд карданд. Маросими савгандёдкунӣ имсол вобаста ба вазъ дар доираи маҳдудиятҳои беҳдоштӣ гузашт. Ҳангоми санганд ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ бидуни истисно бо ниқоб буданд ва дар оғози чорабинӣ ҳарорати ҳамаи сарбозонро бо ҳароратсанҷ санҷиданд.

COVID-19: Шумори фавтидагон дар саросари олам ба беш аз 400 ҳазор нафар расид. Донишмандони мегӯянд шеваи сирояти коронавирус дигар шудааст

Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинзи ИМА шумори фавтидагон аз COVID-19 дар саросари олам ба беш аз 400 ҳазор нафар расид. Дар Амрико аз ин беморӣ 109,8 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд, дар Британияи Кабир 40,5, дар Бразилия 35,9, дар Италия 33,8, дар Фаронса 21,1 ва дар Русия 5,8 ҳазор аз КОВИД-19 ҷон бохтаанд.
Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар Бразилия, ки ҳоло маркази

Резаахбори ин соат. Ҷасади ҷавони ғарқшуда пайдо шуд

Як сокини 18-солаи  деҳаи Зафари ҷамоати Чорякорони ноҳияи Рўдакӣ рӯзи 7-уми июн ҳангоми убур аз  болои  қубури обгузар аз беэҳтиётӣ дар канали  калони Ҳисор сарозер шуд. Худи ҳамон рӯз ба муҷарради расидани хабар наҷотдиҳандагони Дастаи зудамали Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.
Ҷустуҷӯи рӯзи аввал натиҷа надод, оби пурхурӯш ҷасадро ба

Ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба фаъолият оғоз мекунанд. Аммо бо риояи ҷиддии фосилаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ

Ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти сарварии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода гузашт, эълон кард, ки аз 15-уми июн ҳамаи муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо риояи ҳатмиву ҷиддии қоидаҳои беҳдоштӣ ва фосилаи иҷтимоӣ ба фаъолият хоҳанд пардохт.

Табибони Лаҳистон вориди пойтахти кишвар шуданд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки шоми 6-уми июни соли ҷорӣ гурӯҳи табибон аз Лаҳистон ба шаҳри Душанбе фуруд омаданд. Ин гурӯҳ аз 16 нафар иборат буда, онҳоро ҳамчунин се нафар коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамроҳӣ мекунанд.  Дар назар аст, ки гурӯҳи табибони лаҳистонӣ ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо...