Activities calendar

04 июни 2020

Омори нави CОVID-19 дар Тоҷикистон: Мубталоён 4289 нафар, шифоёфтагон 2401 ва фавтидагон 48 нафар

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки то имрӯз, 4 июни соли равон дар мамлакат 1418 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 202 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Ҳамзамон, то соати 18: 20 дақиқаи 4 июн  дар кишвар 4289 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун

Остонаи мавсими оббозиву шиноварӣ. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Тобистони гарм ҳам фаро расид. Замони фароғату истироҳат, моҳҳои рухсатиҳои меҳнатӣ. Ва дар шароити кунунӣ аксари мардум талош мекунанд истироҳати худро дар соҳили обҳо гузаронанд. Табиист, ки ҳадаф ба ҷуз истироҳат шиноварӣ низ мебошад.  Вале ин фасли гарм ва ҳузур дар соҳили обҳо қоидаҳои худро дорад. На ҳама шиноваранд ва на ҳама аз ин гуна қоидаҳо бохабар. Мо ҳар сол шоҳиди марги одамони зиёде дар обҳо...

Ситоди ҷумҳуриявӣ: Ниқоб пӯшед, фосилаи байни якдигарро риоя кунед!

Бинобар дар аксар кишварҳо сар задани мавҷи дубораи хурӯҷи бемории коронавирус имрӯз, 4 июн,  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад,  ба  аҳолии  кишвар бо чунин мазмун  расман муроҷиат намуд. Дар муроҷиатнома  чунин омадааст:

Чаро вирусҳо бештар аз ҳайвонот ба инсон мегузаранд?

Дар ҳоле, ки олам дар мубориза бо КОВИД-19 дасту панҷа нарм мекунад, донишмандонро ин суол машғул дошта, ки чаро тайи чанд соли охир вирусҳои кушандаву маргбор аз ҳайвонот ба инсон сироят мешаванд? Ахиран ВВС таҳлиле интишор дод, ки бо каме ихтисор онро чоп мекунем.

Дар ҳоле ки тағйироти иқлимӣ ва ҷаҳонӣ шудани...

Тозахабори ин соат: Ғарқшудагони номурод

Боз ду марг, марги ду ҷавонмард. Яке 23-сола ва дуюмӣ 18-сола. Ду нафаре, ки мехостанд рӯзи гармро дар соҳили дарё пушти сар кунанд, ду нафаре, ки шояд шиновар набуданд, вале рӯ ба оби пуртуғён оварданд. Яке дар Вахши пуртуғён ғарқ шуд ва дигар дар канали калони Ҳисор. Ду ҷавоне, ки аз сад гули орзу як гул ҳасм начида буданд. Ду ҷавоне, ки акнун орзуҳои ширини худро ба хок бурданд. Халқ мақоле дорад: “Эҳтиёт...