Activities calendar

13 июни 2020

COVID-19 – Тоҷикистон: сироятёфтагон 4971, шифоёфтагон 3288 ва фавтидагон 50 нафар

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соати 17:30 дақиқаи 13 июн  дар кишвар 4971 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19   ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3288 (66,1%)  нафар шифо ёфтаанд. Ин манбаъ шумори фавтидагон аз КОВИД-19-ро 50 нафар эълон кард.
Вазорати тандурустӣ ҳамчунин гуфт, ки то 13 июни соли равон

Тозаахбори ин соат. Таъсири сел ба маҷрои Сурхоб, ҳолати фавқулода дар Сичароғ бартараф мешавад

Тибқи маълумоти сардори Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи  Лахш рӯзи 12-уми июни соли 2020, соати 17:50 дақиқа дар  километри 250 шоҳроҳи Ваҳдатиргатол-Саритош,  ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш, ба дарёчаи Арчакапа сел рехт ва қисман пеши роҳи дарёи Сурхоб баста гардид.

Сӯхтор дар корхонаи коркарди нефт. Сабабҳои он тафтиш мешаванд

Рўзи гузашта, соати 11:47 дақиқа дар корхонаи коркарди нафт воқеъ дар ҷамоати деҳоти Гулистон деҳаи Меҳани ноҳияи Рӯдакӣ сӯхтори шадид рух дод. Бино ба гузориши Маркази наҷоти Кумитаи ҳолатҳои и фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 зарфи нигаҳдории гази моеъ оташ гирифт ва хисорати калоне ба ин корхона овард.