Activities calendar

26 июни 2020

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ (ВИДЕО)

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям. Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма

Он чи ҷамъ созад парешонии моён, ваҳдат аст...

Ҳар сол дар таърихи 27-уми июн мардуми баландиқболи саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллиро бо хушнудӣ ва хушҳолии беандоза таҷлил мекунанд. Ин иде аст, ки садо аз хотимаи ҷанг ва башорат аз пирўзиҳои сулҳу субот медиҳад. Муқаддас, шарафманд идест, чаро ки он ҳосили ҷидду ҷаҳд ва кўшишҳои шабонарўзиҳо, натиҷаи ҷонбозиҳои самарабахши сулҳхоҳон аст, ки...

Бар асари раъду барқ зарфи ду рӯз 110 нафар дар Ҳинд кушта шуданд (Видео)

Дар иёлоти Биҳор ва Уттар-Прадеши Ҳинд аз зарби раъду барқ 110 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар ин бора РИА Новости истинодан ба маълумоти департаменти мубориза бо офатҳои табиии ин кишвар иттилоъ дод. Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки танҳо дар иёлоти Биҳор шумори куштагони раъд ба 83 нафар расид. Рӯзи панҷшанбе аз иёлоти Уттар-Прадеш ҳам хабар доданд, ки аз раъд 24 нафар ҷони худро аз...

Нигаронии Созмонии ҷаҳонии тандурустӣ аз афзоиши КОВИД-19 дар 11 кишвари Аврупо ва мамолики пасошӯравӣ

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд дар 11 кишвари Аврупо ва кишварҳои пасошӯравӣ шумори гирифторон ба Covid-19 баъди лағви маҳдудиятҳои карантин якбора рӯ ба афзоиш овард. Аз ҷумла, Арманистон, Молдова, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон баъди он ки мақомот маҳдудият ё бахше аз маҳдудиятҳоро лағв карданд, шумори мубталоён зиёд шуданд.

Тозаахбори ин соат. Ҷасади боз ду ғарқшуда дар об пайдо шуд: яке 15, дигар 17-сола

Боз ду ҷасад аз оби сард берун оварда шуд. Якеро аз Норак ва дуюмиро аз Зарафшон ёфтанд. Ва ҳарду ҳам ҷавон: яке писаракест, ки 15 сол дорад ва дар бораи ӯ дирӯз хабар дода будем ва дуюмӣ духтари 17-сола. Имрӯз боз ду хона мотам доранд, ду хонавода азодор, ду модар хунинҷигар. Ва сабаби марги ин ду ғарқшуда беэҳтиётӣ номида шуд. Пас бояд эҳтиёт кард, бояд волидон ноболиғони худро танҳо нагузоранд.