Activities calendar

01 августа 2020

Наҷоти як тифли дусола, ки паси дари баста монда буд

Зарфи ду рӯз танҳо дар ноҳияи Синои пойтахти кишвар аз баста шудани се дар хабар дода шуд, ки дар мавриде аз он тифли дусола паси дар тани танҳо монда буд. Ҳодисаҳое назири дарҳои баста дар сурати аксулаламли фаврӣ сурат нагирифтан метавонанд ба фоҷеа анҷоманд. Аз ин рӯ бо дарёфти хабар кормандони наҷот фавран ба ҷойи ҳодиса мерасанд ва ба соҳибхона барои боз кардани дар ёрӣ мерасонанд.

Баргузории машқи махсуси тактикии мудофиаи гражаданӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ баргузор гардид. Ин тамрин рӯзи 28-уми июли соли равон бар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2020 ва қарори Раиси ноҳия "Оид ба корҳои пешгирикунанда"