Activities calendar

05 августа 2020

Мулоқоти Раиси КҲФ бо сарвари тозатаъини намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон

4 августи соли 2020 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - лейтенант Рустам Назарзода сарвари тозатаъини Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон хонум Бахтигул Карриеваро ба ҳузур пазируфт.

26 СОЛИ КҲФ: Татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар солҳои 2019 - 2030

Барномаи қолабии Сендай оиди коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030, ки дар Конференсияи сеюми умумумиҷаҳонӣ оиди коҳиши хатари фалокатҳои табиӣ дар ш. Сендай (Ҷопон) 18 марти соли 2015 қабул шуда буд, тавсия менамояд, ки то соли 2020 шумораи кишварҳое, ки стратегияи миллии худро оиди коҳиши хатари фалокатҳои табиӣ қабул намудаанд, зиёд карда шавад.

COVID-19: Мубталоён дар олам 18 миллиону 705 ҳазор. Дар Тоҷикистон 7583 нафар. Вазири тандурустӣ мегӯяд чораҳои беҳдоштӣ тақвият мешаванд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 45 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор шуда, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7583  нафар расидааст. Манбаъ боз гуфтааст, ки то 4 августи соли равон дар мамлакат  6356 (83,8%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 61  нафар фавтидаанд.

Марг баъди наҷот. Як навраси 17-сола баъди наҷот аз об дар мошини ёрии таъҷилӣ ҷон бохт

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 4 - уми августи соли равон, соати 12:00 як навраси 17-сола, сокини кӯчаи Шафақи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар об ғарқ шудааст. Ин ҳодиса дар дарёи Душанбе, наздикии Маркази гармидиҳии №2, воқеъ дар маҳаллаи Хоҷамбиёи поён рух додааст.