Activities calendar

11 августа 2020

Ҳалокати як дучархарони 14-сола дар Лахш

Намедонам ин чандумин марги ноболиғон дар обҳои кишвар зарфи даҳ рӯзи охир бошад. Чандин хабари ин фавтҳои фоҷеавиро расонаӣ ҳам накардем, чун хеле зиёд шуданду қалбҳоро фишор медоданд. Аммо боз ҳам намешавад аз ҳамаи ин хабарҳо ҷашм пӯшид, хоса аз ин хабар, ки  дучархасавори чаҳордаҳсола дар дарё ғарқ шудаву волидон ва пайвандонро дар мотам нишондааст.