Activities calendar

10 августа 2020

Беш аз 20 миллион сироятшуда ба COVID-19 дар олам. Дар Тоҷикистон гирифторон ба коронавирус ба 7785 нафар расидааст. Вазорат мегӯяд 6573 шифо ёфтаанд

То 10 августи соли равон дар олам 20 024 265 ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Танҳо зарфи як шабонарӯзи гузашта дар саросари олам 72 ҳазору 599 нафар ба ин беморӣ сироят шудаанд.  Аз оғоз то ба ин дам аз КОВИД-19 дар кишварҳои дунё 733 ҳазору 995 нафар ба ҳалокат расидаанд. Шабонарӯзи гузашта бар асари коронавирус 1 ҳазору 766 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Крани борбардор сабабгори хароб шудани болопӯши боми хонаи сокинон шуд. Аз ду корманди захмии ширкати сохтмонӣ яке фавтид (Навшуда)

Бегоҳии рӯзи 8 августи соли 2020 тақрибан соатҳои 19:45 дақиқа дар кӯчаи Сурхоби шаҳри Душанбе як крани борбардор, ки ба ширкати «Хиштрез» мутааллиқ будааст, чаппа шуда, болопӯши чанд бинои истиқоматиро хароб кардааст.

Бино ба иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон