Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Чаноқ. Мошин ба ҷарии 300 метр сарозер шуд. Ронанда ба ҳалокат расид

Ин садама рӯзи 5-уми январи соли равон, тақрибан соати 12:10 дақиқа, дар км 146-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, дар қаламрави рустои Хушекати ноҳияи Айнӣ рух дод. Як мошини боркаши тамғаи “Дулон”, ки аз ҷониби ронандаи 53 – сола, сокини ноҳияи Шаҳристон идора мешуд, ба ҷарии тақрибан 300 метр сарозер шуд. Бино ба гузориш сабаби ин садама он буд, ки ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромад. Ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Бо дарёфти хабари садамаи маргбор дастаи наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Зарафшон ба ҷойи ҳодиса расид. Имдодгарон бо истифода аз таҷҳизоти кӯҳгардӣ ба ҷарӣ поин шуданд ва ҷасади ронандаро берун овраданда ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагон ҳушдор медиҳад, ки бахусус дар ин шабу рӯз, ки дамои ҳаво хеле сард асту роҳҳо ях бастаанд, эҳтиёт кунанд, суръати ҳаркатро боло набаранд ва фосиларо ҳатман риоя намоянд. Ҷони худ ва ҳамсафарони худро эҳтиёт кунед. Дар хотир дошта бошед, ки дар хона шуморо фарзадндону пайвандонатон интизоранд.