Нимаи аввали имрӯз, 21 январ дар маҷтамаи саломатии “Сароб”-и ноҳияи Варзоб давраи чаҳоррӯзаи омӯзишии “Ёрӣ ба зарардидагон” ҷамъбаст гардид. Ин давраи омӯзишӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.
Дар ҷараёни омӯзиш 15 нафар кормандони КҲФ дар канори дарсҳои назариявӣ ҳамчунин амалан масъалаҳои мубрами арзёбиҳои таъсири вазъ ба ҷабрдидагон ҳангоми ҳолатҳои фавқулодаро омӯхтанд, ҳамчунин усулҳои наву муосири ёрӣ дар ҳолатҳои бӯҳрониро донистанд.
Дар маросими анҷоми давраи омӯзишӣ ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда полковник М.Салимзода ва намояндагони Кумитаи Салиби Сурхи байнаналмилалӣ дар Тоҷикистон ширкат карданд.
Зимни суханронии худ полковник М.Салимзода ба ташкилкунандагони давраи омӯзишӣ ва мураббиён барои фароҳам овардани ин фурсати муносиби омӯзишӣ изҳори сипос намуд. Вай ҳамчунин изҳори умед кард, ки дарсҳои омӯхташуда ва таҷрибаи андӯхта дар ин давраи омӯзишӣ ба самароварии кори кормандони тиббии Кумита дар оянда таъсири мусбат хоҳад расонд.