Наҷоти як саг аз ҷониби имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

6 апрели соли равон соати 20:36 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар шафати муассисаи таҳсилоти умумии №16 шаҳри Душанбе дар як новадон саге дармондааст ва наметавонад аз он берун шавад.

Ҳама талоши сокинон барои берун овардани он бенатиҷа буд, чун саг аз тарс касеро намегузошт даст расонад.

Ба ҷойи ҳодиса кормандони наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе расиданд ва бо ёрии таҷҳизоти махсус ба саг кумак карданд, ки аз новадон боло шавад.

Саг чун аз хатар худро наҷотёфта дид, фавран аз ҷойи ҳодиса дур шуд.

барчасп: