Роҳандозии дарсҳои омӯзишӣ дар истироҳатгоҳи “Баҳористон”

Дар авҷи мавсими оббозӣ кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ба корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш идома медиҳанд. Корҳои таблиғӣ дар баробари санҷиши ҳолати тафреҳгоҳҳои соҳилӣ, мавҷудияти таҷҳизоти тиббӣ, чораҳои қатъии беҳдоштӣ  ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва гӯшаҳои деворӣ бо варақаву дастурҳои таблиғотӣ сурат мегирад. Онҳо бештар ба постгоҳҳои назоратӣ ва бозомӯзии кормандони наҷот таваҷҷуҳ мекунанд.
Бо мақсади омода сохтани воҳидҳои наҷот, ки дар давраи мавсими шиноварӣ навбатдорӣ мекунанд, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар Осоишгоҳи “Баҳористон” машғулиятҳо баргузор намуданд.
Барнома ҳам омӯзиши масъалаҳои назариявӣ ва ҳам амалиро дар бар мегирифт. Дар ҷараёни он наҷотдиҳандагони касбии Раёсат ба наҷотдиҳандагони мавсимии осоишгоҳи Баҳористон  дар бораи қоидаҳои бехатарӣ дар об, наҷоти ғарқшавандагон, ёриҳои аввалини тиббӣ машғулиятҳо доир намуданд. Баъди дарсҳои назариявӣ корҳои амалӣ гузаронида шуданд, ки дар он нозукиҳои касби наҷотдиҳиро аз худ намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки шаҳри Гулистон яке аз минтақаҳои калони истироҳатӣ ва фароғатии кишвар  ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар мавсими истироҳатӣ ҳазорҳо нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ барои истироҳату фароғат ташриф меоранд. Вобаста бабузургии ҳудуди обии шаҳр, ҷойгир будани обанбори «Баҳри Тоҷик»-и мамлакат дар минтақаи мазкур мавзеъҳои истироҳатӣ, обутобгоҳу шиногоҳҳо диққати сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб менамояд.
Аз ин лиҳоз, Раёсати вилоят ҳамасола масъалаи таъмини бехатарии истироҳаткунандагонро зери назорати қатъии худ қарор дода, дар якҷоягӣ бо маъмурияти минтақаҳои истироҳатӣ тасмим гирифтааст, ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ бо наҷотдиҳандагони ин минтақахо машғулиятҳои омузишӣ гузаронад.

 
Шахзодабону Нуриддинзода