Имдодгарон боз як дари бастаро боз карданд, ки дохили он тифли чорсола танҳо монда буд. Дар 6 моҳ 96 дари бастаро боз карданд ва 35 нафарро наҷот доданд

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дари бастаеро бо даъвати соҳиби хона боз карданд, ки дохили он як кӯдаки хурдсол танҳо монда буд.

Ин ҳодиса дар кӯчаи Сино 64 рух додааст. Модари ҷавон ба коре берун рафтаву вақте баргаштааст, дари  худро баста дидааст ва дигар имкони вуруд надошт.

Дар дохил писарчаи чорсолаи ӯ танҳо монда буд ва ӯ наметавонист мустақилона дарро ба рӯи модар боз кунад.

Кормандони бахши наҷоти Раёсат ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус дарро боз карданд. Кӯдак солим буд ва ба ёрии тиббӣ ниёз надошт.  

Аммо имдодгарон фурсатеро дар суҳбат бо модари тифл гузарониданд ва барояш фаҳмонданд, ки беназорату танҳо мондани тифл чӣ паёмадҳое хоҳад дошт.  Ба ин модари ҷавон қоидаҳои бехатарии танҳоии тифл дар хона ва парастории атфоли хурдсол барои ҳимоя аз ҳар гуна рухдоди фавқулодаро фаҳмониданд.

Маврид ба ёдоварист, ик танҳо дар 6 моҳи охир наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 96 дари бастаро боз карда, 35 нафарро аз хатари эҳтимолӣ наҷот додаанд. Дар 5 маврид дарнуи хона соҳибони он ба иллатҳои гуногун фавтида буданд.